Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқотҳои вазири хориҷаи Тоҷикистон дар Ню Йорк


Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк Сироҷидин Аслов, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Ниша Бисвал, ёвари Котиби давлатии ИМА мулоқот кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати хориҷаи Тоҷикистон, дар ин дидор ҳамкории Тоҷикистону Амрико дар бахшҳои сиёсат, тиҷорату иқтисод ва гуманитарӣ баррасӣ шудааст.

Ҷонибҳо ба зарурати таҳкими минбаъдаи равобит дар самтҳои мухталифи мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн таъкид намуданд.

Ҳамчунин, дар ҳошияи иҷлосияи 70-уми Маҷмааи Умумии СММ дар Ню-Йорк вохӯрии вазири корҳои хориҷии кишвар бо Ҳелга Шмидт, муовини Дабири кулли Хадамоти амалиёти хориҷӣ ва сиёсати амниятии Иттиҳоди Аврупо баргузор шуд.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла, раванди татбиқи Стратегияи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ баррасӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG