Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақобати 40 гуштигир барои Ҷоми президенти Тоҷикистон


Имрӯз, 5 октябр, дар Душанбе сеюмин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо барои Ҷоми президенти Тоҷикистон баргузор мешавад.

Сеюмин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо барои Ҷоми президенти Тоҷикистон имрӯз, 5 октябр, дар Душанбе барпо мегардад. Мусобиқа бо ширкати 40 гуштигир (23 нафар аз Тоҷикистон ва 17 нафар аз кишварҳои хориҷӣ) аз 13 кишвар дар майдони тенниси Корхонаи воҳиди давлатии “Роҳи оҳани Тоҷикистон” соати 16 шурӯъ мешавад.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Маҳмуди Абдулло, сардори шӯъбаи варзиши Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, рӯзи 5 октябр хабар дод. Вай афзуд, “дар ин мусобиқа, ки барои севумин бор дар рӯзи мавлуди президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир мешавад, варзишгарони ҳамаи панҷ кишвари Осиёи Марказӣ (Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон), инчунин намояндагони Афғонистон, Беларус, Италия, Куба, Миср, Русия, Эрон ва Юнон ширкат меварзанд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа паҳлавонони маъруфи кишвар, ба мисли Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, Саидҷалол Саидов, Зиёратшо Баротов ва дигарон намояндагӣ мекунанд. Мусобиқа дар вазни мутлақ, яъне аз 81 кило боло сурат мегирад”.

Ба иттилои Федератсияи дзюдои Тоҷикистон ғолиб ба ҷуз Ҷоми президенти кишвар бо ҷоизапулӣ ба маблағи 7 ҳазор доллари ИМА сарфароз мегардад. Ба гуштигире, ки ҷойи дувумро мегирад, 4 ҳазор доллар супурда мешавад. Варзишгароне, ки ҷойҳои севумро соҳиб мешаванд, бо 2 ҳазор долларӣ қадрдонӣ хоҳанд шуд.

Маросими ифтитоҳи сеюмин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо барои Ҷоми президенти Тоҷикистон бегоҳи душанбе, соати 18 дар майдони тенниси Корхонаи воҳиди давлатии “Роҳи оҳани Тоҷикистон” баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG