Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон натиҷаҳои интихоботро эълон кард


Ҳизби сотсиал-демократи Қирғизистон дар интихоботи порлумонӣ пирӯз шуд ва ҳаққи ташкили ҳукумати эътилофиро ба даст овард. Кумиссиёни марказии интихобот рӯзи 5-уми октябр гуфт, бар асоси шумориши аксари оро, Ҳизби сотсиал-демократ 27.5 дар сади раъйи мардумро ба даст овардааст ва Ҳизби Отаҷурт ва ё Меҳан 20 дар сади ороро ба даст овардааст ва дар мақоми дуввум қарор дорад. Шаш ҳизби Қирғизистон барои ворид шудан ба порлумони дорои 120 курсӣ раъйи кофӣ ба даст овардаанд. Ба гуфтаи мақомоти интихоботӣ, тақрибан 60 дар сади мардуми бархурдор аз ҳаққи раъй дар интихобот ширкат кардаанд. Бар асоси натиҷаҳои муқаддамотӣ, Ҳизби сотсиал-демократ бештар аз ҳама, яъне 38 курсӣ ба даст меорад, Ҳизби Отаҷурт 28 курсиро соҳиб мешавад.

XS
SM
MD
LG