Пайвандҳои дастрасӣ

Банд мондани ҳудуди 500 мошини боркаш дар марз


Мақомоти амниятии вилояти Кундузи Афғонистон мегӯянд, дар пайи ҳамлаи гурӯҳи Толибон ба шаҳри Кундуз гузаргоҳи Шерхонбандар масдуд шуда ва ҳудуди 500 мошини ҳомили молу коло ва дигар маводи зарурие,ки мебоист аз Покистон тавассути Афғонистон ба Тоҷикистон убур мекард, банд мондааст.

Мақомоти Тоҷикистон низ масдуд будани гузаргоҳи Панҷи Поён, воқеъ дар марзи ин кишвар бо Афғонистон дар ду ҳафтаи ахирро таъйид кардаанд.

Саидсарвар Ҳусайнӣ, сухангӯи пулиси вилояти Кундуз, 5 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, аз замони ҳамлаи гурӯҳи Толибон ба Кундуз дар ду ҳафтае пеш то ба ҳол гузаргоҳи Шерхонбандар аз фаъолият бозмондааст.

Вай гуфт, мақомоти вилояти Кундуз дар садад ҳастанд, дар ду рӯзи оянда ин гузаргоҳи марзиро боз кунанд.

“Мо ҳамаи шароитҳои амниятиро таъмин карда истодаем, то ин ки гузаргоҳи Шерхонбандар ба ҳолати маъмулиаш дарояд”, мегӯяд ҷаноби Ҳусайнӣ.

Дар ҳамин ҳол, Хадамоти гумруки Тоҷикистон низ хабар додааст, ки ҳайати мутахасисони гумруки вилояти Хатлони ин кишвар дар гузаргоҳи Панҷи Поён фаъолият дошта ва дар назар аст, дар рӯзҳои наздик ин гузаргоҳ боз шавад.

Гуфта мешавад, мошинҳое, ки дар гузаргоҳи Шерхонбандар банд мондаанд,ҳомили картошка, биринҷ, шакар ва либосворӣ буда,аз шаҳри Карочии Покистон ба бозорҳои Тоҷикистон мунтақил шудаанд.

XS
SM
MD
LG