Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шукурҷон Зуҳуров озими Остона шуд


Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба манзури ширкат дар Ҳамоиши байналмилалии “Дурнамои иқтисодии АвруОсиё” ба шаҳри Остонаи Қазоқистон рафтааст.

Муҳаммадато Султонов, сухангӯйи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, субҳи 5 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, қарор аст, Шукурҷон Зуҳуров дар ин ҳамоиш, ки рӯзи 6 октябр баргузор мешавад, суханронӣ кунад.

Ӯ гуфт, дидори раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бар асоси даъвати расмии Кабибулло Ҷакупов, раиси порлумони Қазоқистон ва Сергей Наришкин, раиси ДУМО-и давлатии Русия анҷом шудааст.

Дар назар аст, дар ҳошияи и н ҳамоиш ҷаноби Зуҳуров бо раҳбарони ҳайатҳои давлатии кишварҳои узви Иттиҳоди АвроОсиё дидору гуфтугӯ кунад.

XS
SM
MD
LG