Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии Тоҷикистон дар сабқати интихобии қаҳрамонии Осиё бар Баҳрайн


Мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон дар сабқати интихобии қаҳрамонии Осиё-2016 тими Баҳрайнро бо ҳисоби 3:2 шикаст дод.

Дар даври дувуми сабқати интихобии қаҳрамонии футболи Осиё-2016 байни ҷавонони синашон зери 19-сола дар гурӯҳи «F», ки шоми якшанбеи 3 октябр дар Душанбе, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, баргузор шуд, мунтахаби Тоҷикистон бар тими Баҳрайн бо ҳисоби 3:2 пирӯзӣ ба даст овард.

Ин бозӣ хеле шавқангеу пуршиддат сурат гирифт. Ҳисобро Амирҷон Сафаров, бозигари мунтахаби Тоҷикистон, дар дақиқаи 40-ум боз кард. Вале футболбозони Баҳрайн пас аз як дақиқа ҳисобро баробар карданд. Тӯбро Абдулазиз Халид ба ҳадаф расонд. Муҳаммад Ҷасим дар дақиқаи 45-ум голи дувуми ироқиҳоро зад. Дар нимаи дувуми бозӣ, дар дақиқаи 58-ум, Қувватбек Равшанбеков, бозигари мунтахаби Тоҷикистон, ҳисобро баробар кард – 2:2. Голи севум ва ҳалкунандаро Амирҷон Сафаров дар дақиқаи 83-юм ба самар расонд.

Бояд гуфт, ки дар дақиқаи 53-юм сардовари бозӣ Нивон Робеш Гаминӣ (Шри-Ланка) ба бозигари мунтахаби Баҳрайн Аҳмад Буғаммар корти сурх нишон дод ва ӯро аз майдон хориҷ кард.

Ҳайати мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар бозӣ муқобили тими Баҳрайн чунин буд: Беҳрӯз Хайриев, Табрези Давлатмир, Қувватбек Равшанбеков, Алишер Сафаров (капитан), Кароматулло Саидов, Муҳаммадҷони Ҳасан (Худойдод Узоқов, 57), Алишер Баротов, Эҳсони Панҷшанбе (Суннатулло Холов, 88), Азиз Бегов (Ҳиматуло Малодӯстов, 46), Отабек Каримов, Амирҷон Сафаров.

Салоҳиддин Ғафуров, сармураббии дастаи мнтахаби ҷавонони Тоҷикистон, дар нишасти хабарӣ, ки баъди анҷоми ин бозӣ доир шуд, ба хабарнигорон гуфт, "мо тавассути наворҳои сабти бозиҳо рақибамонро хуб омухтем ва дар ин бозӣ ду нафарро ба хати пеш сафар бар намудем. Дар бозии гузашта муқобили тими Ироқ дар хати ҳамла як нафар бозӣ карда буд. Бозии имрӯза дар аввал баробар буд. Вақте ки мо голи аввалро задем, бозигаронамон аз ин хурсанд шуданд, вале ҳимояи дарвозаро фаромӯш карданд. Аз сустии хатти дифоъ истифода намуда, рақибамон дар муддати чаҳор дақиқа ду гол зад. Дар қисми дуюми бозӣ футболбозони мо суръати бозиро тезонда, хубтар ҳунарнамоӣ карданд. Вақте ки сардовар бозигари Баҳрайнро аз майдон хориҷ кард, футболбозони мо бартариро соҳиб шуда, ду гол заданд ва бозиро ба фоидаи худ анҷом доданд”.

Абдулазиз Абду Умар, сармураббии мунтахаби Баҳрайн, ба хабарнигорон чунин иброз дошт: “Дар бораи наиҷаи бозӣ гуфтаниям, ки ин футбол аст, дар футбол ҳам ба мисли ҳаёт бурду бохт, пирӯзиву нокомӣ мешавад. Мо инро қабул дорем. Ман ба ҳарду даста барои бозии шавқангез ташаккур мегӯям. Бозигарони мо имрӯз бозии хуб нишон доданд, ҳарчанд ҳисоби бозӣ ба нафъи мо нашуд. Мо ҳамчун мизбон ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё, ки соли оянда дар Баҳрайн баргузор мешавад, роҳ ёфтаем, вале бо вуҷуди ин кӯшиш мекунем, ки дар ҳар як бозии сабқати интихобӣ маҳорати баланд зоҳир кунем. Мо дар бозии охирин бо мунтахаби Ироқ танҳо бо мақсади пирӯзӣ пой ба майдон мениҳем”.

Дар бозии дигари даври дувум мунтахи Ироқ дастаи Молдивро бо ҳисоби бузурги 5:0 шикаст дод. Бозӣ комилан бо бартарии ироқиҳо сурат гирифт. Ҳисобро дар нимаи аввали бозӣ, дар дақиқаи 10-ум, Алаа Аббос кушод. Голи дувумро Амир Сабоҳ дар дақиқаи 14-ум ба ҳадаф расонд. Муҳаммад Ҳасан голи севумро дар дақиқаи 27-ум зад. Дар дақиқаи 38-ум голи чаҳорумро боз ҳам Алаа Аббос, беҳтарин нишонзани ироқиҳо, ба дарвозаи мунтахаби Молдив равона кард. Ҳамин тариқ, нимаи аввали дидор бо ҳисоби 4:0 ба фоидаи мунтахаби ҷавонони Ироқ хотима ёфт.

Дар қисми дувуми бозӣ ироқиҳо ба дарвозаи молдивиҳо боз як голи дигар зада, бозиро бо ҳисоби бузурги 5:0 ба нафъи худ анҷом доданд. Голро Муҳаммад Ҳасан дар дақиқаи 51-ум зад.

Ёдовар мешавем, дар бозии аввалин, ки 2 октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе байни дастаҳои мунтахаби Баҳрайн ва Молдив сурат гирифт, баҳрайниҳо бо ҳисоби бузурги 4:0 ғолиб омаданд. Ду голро дар нимаи аввали бозӣ Муҳаммад Ҷасим (дақиқаи 25-ум) ва Талал Алӣ (дақиқаи 26-ум) заданд. Ду голи дигарро Муҳаммад Ҷасим дар нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 81-ум ва Сайид Аҳмад Муҳаммад дар дақиқаи 89-ум ба самар расонданд.

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон 2 октябр дар нахустин бозиаш дар сабқати интихобии қаҳрамонии Осиё-2016 аз тими Ироқ бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд. Ҳисобро дар дақиқаи сеюми бозӣ Алаа Аббос боз кард. Голи дувуми ироқиҳоро Ҷасим Муҳаммад дар дақиқаи 81-ум ба ҳадаф расонд.

Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии шаш бозии сабқати интихобии қаҳрамонии футболи Осиё-2016 байни ҷавонони синашон зери 19-сола дар гурӯҳи «F» мунтахаби Ироқ бо 6 имтиёз пешсаф аст. Дастаҳои Баҳрайн ва Тоҷикистон бо 3-имтиёзӣ дар ҷойҳои дувуму севум қарор доранд. Мунтахаби Молдив бидуни имтиёз дар зинаи охирин ҷойгир шудааст.

Бозиҳои даври сеюм ва охирини сабқати интихобии қаҳрамонии Осиё-2016 байни бозингарони синашон то 19-сола дар гурӯҳи “F дар Варзишгоҳи мрказии Душанбе рӯзи сешанбеи 6 октябр миёни дастаҳои мунтахаби Ироқу Баҳрайн соати 15:00 ва Тоҷикистону Молдив соати 18:00 шурӯъ мешавад.

Марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё байни бозигарони синашон зери 19-сола соли 2016 дар Баҳрайн барпо мегардад. Ба даври ниҳоӣ ғолибони 10 гурӯҳи интихобӣ ва 5 мунтахаб аз рӯи беҳтарин нишондодҳо байни тимҳои ҷойҳои дувумро ишғолкарда роҳ меёбанд.

Агар мунтахаби ҷавонони Баҳрайн дар гурӯҳи “F” мақоми аввалро касб кунад ва ё дар байни панҷ дастаи беҳтарини ҷойҳои дувумро ишғолкарда ҷойгир шавад, он гоҳ дастаи беҳтарини шашум аз ҳисоби тимҳои ҷойҳои дувумро ишғолкарда шонздаҳумин ширкаткунандаи чемпионати Осиё-2016 мешавад.

Тақвими бозиҳои гурӯҳи «F»:

Даври 1-ум

2 октябр (ҷумъа)

Баҳрайн – Молдив – 4:0

Ироқ – Тоҷикистон – 2:0

Даври 2-юм

4 октябр (якшанбе)

Молдив – Ироқ – 0:5

Тоҷикистон – Баҳрайн 3:2

Даври 3-юм

6 октябр (сешанбе)

15:00 – Ироқ – Баҳрайн

18:00 – Молдив – Тоҷикистон

XS
SM
MD
LG