Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯзи 4 октябр дастикам 10 000 нафар дар шаҳри Кишинёв, пойтахти Молдова алайҳи ҳукумат эътироз карданд. Ин алакай чорумин рӯзи якшанбест, ки тазоҳургарон дар майдони марказии Кишинёв гирди ҳам меоянд. Бархе тазоҳургарон, ки талош доштанд вориди парлумон шаванд, бо нирӯҳои пулис даргир шуданд. Эътирозҳои зидди ҳукумат дар Кишинёв рӯзи 6 сентябр замоне оғоз ёфт, ки ҳазорон нафар ба нишони эътироз аз нокомии ҳукумати рӯ ба Ғарби Молдова дар амри саркӯби фасод ва роҳандозии ислоҳот ба хиёбонҳо рехтанд. Эътирозгарон таҳқиқи қазияи гум шудани 1,5 миллиард доллар аз се бонки Молдова дар як соли пеш ва муҷозоти гунаҳкоронро талаб мекунанд. Талаби дигари онҳо интихоботи пеш аз мӯҳлат ва истеъфои раисиҷумҳур, сарвазир ва дигар мансабдорони баландпоя аст.

XS
SM
MD
LG