Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вуруди фаластиниҳо ба як қисми Байтулмуқаддас манъ шуд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Исроил дар пайи кушта шудани ду исроилӣ ва ҷароҳат бардоштани се тани дигар дар ҳамлаҳои алоҳида дар шаҳри Байтулмуқаддас (Иерусалим) вуруди фаластиниҳоро ба қисмати қадимаи ин шаҳр барои ду рӯз манъ кардааст. Пулис рӯзи 4 октябр гуфт, танҳо исроилиҳо, сайёҳон, сокинони минтақа, тоҷирон ва толибилмон ҳаққи вуруд ба Байтулмуқаддаси шарқиро хоҳанд дошт. Адои намоз дар масҷиди Ал-Ақсо низ танҳо барио занону мардони аз 50-сола боло иҷозат дода мешавад. Мақомоти фаластинӣ ин иқдоми Исроилро маҳкум карданд. Шоми 3 октябр, як фаластинӣ дар қисмати қадимаи Байтулмуқаддас бо корду силоҳ ду марди исроилиро кушта, як зан ва як кӯдаки хурдсолро захмӣ кард. Гурӯҳи ҷангии “Ҷиҳоди исломӣ” иддао дорад, ки ҳамлагар узви ин созмон буд. Дар ҳодисаи дигар як марди фаластинӣ дар Байтулмуқаддаси ғарбӣ як роҳгузарро бо корд захмӣ кард. Ин хушунатҳо ду рӯз баъд аз кушта шудани зану шавҳари исроилӣ дар сарзаминҳои каронаи бохтарии рӯди Урдун рух доданд.

XS
SM
MD
LG