Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Азми Русия ба афзоиши ҳамлаҳои ҳавоияш дар Сурия


Русия гуфт, ҳамлаҳои ҳавоияшро дар Сурия афзоиш хоҳад дод. Маскав қабалн гуфт, аз 30 сентябр ба ин сӯ дар Сурия беш аз 60 ҳамлаи ҳавоӣ анҷом дода, иқтидори низомии “террористҳо”-ро ҷиддан заиф кардааст. Генерал Андрей Картаполов, намояндаи вазорати дифои Русия гуфт, Маскав ҳамлаҳои ҳавоияшро нафақат идома, балки афзоиш ҳам хоҳад дод. Картаполва гуфт, беш аз 50 мавқеи созмони тундрави “Давлати исломӣ” дар Сурия ҳадафи ҳамлаҳои ҷангандаҳои Русия қарор гирифтанд. Ӯ афзуд, дар байни ҷангиён воҳима авҷ гирифтааст ва ҳудуди 600 ҷангӣ бо тарки сангар талош доранд ба Аврупо фирор кунанд. Дидбони ҳуқуқи башари Сурия дар ҳамин ҳол мегӯяд, дар 4 рӯзи аввал бар асари ҳамлаҳои ҳавоии Русия дастикам 39 тан аз мардуми мулкӣ, бо шумули 8 кӯдак ва 8 зан, кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG