Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико ҳамла ба бемористони Қундузро таҳқиқ мекунад


Бемористони ҳамлашуда дар Қундуз
Бемористони ҳамлашуда дар Қундуз

Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама гуфт, Амрико “таҳқиқи комил”-и ҳамлаҳои ҳавоиеро, ки мунҷар ба ҳалокати дастикам 19 нафар дар бемористони шаҳри Қундузи Афғонистон шуд, ба роҳ андохтааст. Дар ҳамлаи рӯзи 3 октябр ба бемористони созмони “Табибони бидуни марз” ҳудуди 40 тани дигар ҷароҳатҳои вазнин бардоштаанд. Обама бо изҳори “ҳамдардии амиқ” гуфт, ӯ “таҳқиқи комили фактҳо” ва қазовати қотеонаро интизор дорад. Раҳбари масоили ҳуқуқи башари СММ Зайд Ал-Ҳусайн гуфт, ҳамлаи ҳавоӣ ба бемористон метавонад ҳамчун ҷинояти ҷанг таъбир шавад.

XS
SM
MD
LG