Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беш аз 60 ҳамлаи ҳавоии Русия дар 3 рӯз


Як мақоми низомии аршади Русия гуфт, ҳавопаймоҳои ҷангии Русия дар 72 соати охир дар Сурия беш аз 60 ҳамлаи ҳавоӣ анҷом дода, иқтидори низомии террористҳоро ба таври ҷиддӣ осеб задаанд. Андрей Картаполов гуфт, беш аз 50 мавқеи созмони тундрави “Давлати исломӣ” ҳадафи ҳамлаҳои ҳавоии Русия қарор гирифтаанд. Ӯ афзуд, Маскав қабл аз анҷоми ҳамлаҳо Амрикоро дар ҷараён гузошта ва тавсия додааст, ки парвозҳо дар маҳалли амалиёти нирӯҳои ҳавоии Русияро қатъ кунад. Ба гуфтаи ӯ, Амрико гуфтааст, ки дар манотиқи таҳти ҳадафи Русия касе ба ҷуз террористҳо нест. Русия аз рӯзи 30 сентябр ба ҳамлаҳои ҳавоӣ дар Сурия оғоз кард. Амрико изҳори нигаронӣ кардааст, ки Русия бештар мухолифини мӯътадили режими Башор Асадро ҳадаф қарор медиҳад, то мавқеъҳои “Давлати исломӣ”-ро.

XS
SM
MD
LG