Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоли 104 ҷасади зоирони эронӣ ба Теҳрон


M
M

Аввалин ҳавопаймо бо ҷасадҳои зоирони эроние, ки 9 рӯз пеш, дар рӯзи иди Қурбон дар маросими Ҳаҷ lfh водии Мино дар канори Макка дар натиҷаи талотуми издиҳом ҳалок шуданд, рӯзи 3 октябр ба Теҳрон расид. Ин ҳавопаймо бо 104 ҷанозаро раисиҷумҳури Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ ва дигар ашхоси расмӣ пешвоз гирифтанд. Телевизиони давлатии Эрон гуфт, рӯзи шанбе боз як ҳавопаймои дигар бо ҷанозаҳои зоирон ба Теҳрон мерасад. Мақомоти Арабистони Саудӣ мегӯянд, дар талотуми издиҳом дар Мино 769 зоир ҳалок шуданд. Ин пурқурбонитарин фоҷиа дар ҷараёни адои маносики Ҳаҷ дар 25 соли охир буд. Талафоти аз ҳама бештарро зоҳиран Эрон бардошт, ки шумори зоирони ҳалокшудааш дар Миноро 464 нафар мегӯяд. Эрон Арабистони Саудиро дар “ноӯҳдабароӣ” дар танзими ҳаракати издиҳоми зоирон айбдор мекунад.

XS
SM
MD
LG