Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати дастикам 30 тан дар Гватемала


Ярч рӯзи ҷумъа дар канори пойтахти Гватемала дастикам 30 кушта ба ҷо гузошт. Бар асари ин офати табиӣ садҳо тани дигар беномунишон шудаанд. Амалиёти наҷоти зиндамондагон бо ҷалби мардум, пулис, артиш ва гурӯҳҳои наҷотбахш идома дорад. Пайвандони офатзадагон мегӯянд, бо гузашти 24 соат то ҳол аз онҳое ки зери бораи хок мондаанд, паёмак мегиранд. Мақомот мегӯянд, ярч ва боришоти шадид125 манзилро дар ду шаҳрак хароб кард ва ҳудуди 600 нафар бенишон боқӣ мемонанд ва имкон дорад, ки шумори ҳалокшудагон биафзояд.

XS
SM
MD
LG