Пайвандҳои дастрасӣ

Яман равобиташро бо Эрон қатъ кардааст


Ҳукумати президенти Яман Абдураббу Мансур Ҳодӣ, ки аз сӯи Арабистони Саудӣ ҳимоят мешавад, тасмим гирифтааст равобити дипломатиашро бо Эрон қатъ кунад. Телевизиони давлатии Адан рӯзи 2 октябр ин хабарро бидуни ироаи кадом ҷузъиёт нашр кард. Эътилофи таҳти раҳбарии Саудия моҳи март ба хотири ба қудрат баргардондани ҳукумати Мансур Ҳодӣ ва аз пойтахти Яман рондани чирикиҳои ҳусӣ вориди ҷанг дар Яман шуд. Ҳусиҳо, ки пайрави мазҳаби шиъа мебошанд, таҳти ҳимояти Эрон қарор доранд. Кишварҳои халиҷ дар пасманзари афзоиши нигарониҳо аз тақвияти нуфузи Эрон дар минтақа вориди ҷанги Яман шуданд.

XS
SM
MD
LG