Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон ноиби сафири Баҳрайнро ронд


Хабаргузории эронии Форс мегӯяд, вазорати хориҷаи Эрон рӯзи ҷумъа ноиби сафири Баҳрайн Басом Ал-Дусариро “персона нон грата” эълон карда, ба ӯ барои тарки кишвар 72 соат фурсат додааст. Ин иқдом як рӯз баъд аз тасмими Баҳрайн аст, ки рӯзи 1 октябр сафирашро аз Теҳрон бозхонда, амри аз кишвар берун кардани ноиби сафири Эронро эълон кард. Баҳрайн Эронро ба даст доштан дар таъсиси як корхонаи бузурги бомбсозӣ дар ин кишвари халиҷ айбдор кард. Пулиси Баҳрайн дар ин ҳафта дар наздикии пойтахт 1,5 тонна маводи тарканда пайдо кард. Теҳрон ҳар навъ дахолаташ дар хушунатҳо дар Баҳрайнро рад мекунад, вале мегӯяд, аз ҳаққи сокинони шиъаи Баҳрайн, ки аксари аҳолии ин ҷазираи таҳти султаи султонҳои сунниро ташкил медиҳанд, дифоъ хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG