Пайвандҳои дастрасӣ

Интихобот дар Донбасс ба таъхир меуфтад


Мулоқоти чоргона дар Порис

Мулоқоти чоргона дар Порис

Раисиҷумҳури Фаронса Франсуа Ҳолланд гуфт, интихоботи маҳаллие, ки бояд ҳамин моҳ дар манотиқи таҳти назорати ҷудоиталабон дар шарқи Украина доир мешуд, зоҳиран то соли 2016 ба таъхир андохта мешаванд. Давлатҳои Ғарб азми ҷудоиталабон барои баргузории ин интихоботро мухолиф бо тавофуқоти созишномаи оташбаси Минск номидаанд. Ҳолланд, ки рӯзи октябр дар Порис баъд аз мулоқоти чоргона бо раҳбарони Олмону Русияву Украина Ангела Меркел, Владимир Путин ва Петро Порошенко сӯҳбат мекард, гуфт, “мо тарафдори интихоботе нестем, ки мухолифи созишномаи Минск бошад.” Ҳолланд ва Меркел гуфтанд, ки онҳо ҷиҳати таҳияи қонуни нави интихоботи Украина тавофуқ карданд. Ҷудоиталабон дар соли 2014 қисматҳои бузурге аз вилоятҳои Луҳанску Донетскро тасарруф карданд. Дар Киев ва Ғарб мӯътақиданд, ки ҷудоиталабон аз сӯи Маскав ҳимоят мешаванд. Русия инро рад мекунад. Созишномаи Минск ҳамчунин ба Киев то поёни соли 2015 фурсат медиҳад, ки назорати марзҳояш бо Русияро ба даст бигирад.

XS
SM
MD
LG