Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Порошенко ва Путин дар Порис мулоқот мекунанд


2 октябр, Порис

2 октябр, Порис

Петро Порошенко ва Владимипр Путин-раисони ҷумҳури Украина ва Русия дар Порис як ҷо бо раҳбарони Фаронсаву Олмон мулоқот ва талошҳоро барои иҷрои созишномаи оташбас дар шарқи Украина баррасӣ мекунанд.

Интизор меравад, ки Ангела Меркел-нахуствазири Олмон ва Франсуа Олланд-раиси ҷумҳури Фаронса аз Владимир Путин бипурсанд, ки ҳавопаймоҳои Русия дар ҳамлаҳои ҳавоии худ дар Сурия дақиқан кадом нируҳоро ҳадаф қарор медиҳанд.

Путин ва Олланд пеш аз мулоқоти умумӣ бо якдигар алоҳида дидор доштанд ва дар он вазъи Сурияро баррассӣ карданд. Як дипломати фаронсавӣ гуфт, ҷонибҳо талош кардаанд, ки “ихтилофоти назар”-ро дар ин маврид аз байн бибаранд.

Намояндаи Франсуа Олланд гуфтааст, ки чигунагии вазъ дар Сурия ба “ҳолу ҳаво”-и музокироти Порис таъсир хоҳад дошт.

XS
SM
MD
LG