Пайвандҳои дастрасӣ

Пирӯзии Баҳрайн бар Молдив дар сабқати интихобии қаҳрамонии Осиё-2016


Имрӯз, 2 октябр, дар Душанбе сабқати интихобии қаҳрамонии футболи Осиё-2016 байни ҷавонон дар гурӯҳи «F» шурӯъ шуд.

Сабқати интихобии қаҳрамонии футболи Осиё-2016 байни ҷавонони синашон зери 19-сола дар гурӯҳи «F» имрӯз, 2 октябр, дар Душанбе бо ширкати дастаҳои мунтахаби Баҳрайн, Ироқ, Молдив ва Тоҷикистон шурӯъ шуд.

Дар бозии аввалин, ки дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ байни дастаҳои мунтахаби Баҳрайн ва Молдив сурат гирифт, футболбозони ҷавони Баҳрайн бо ҳисоби 4:0 ғолиб омаданд. Ду голро дар нимаи аввали бозӣ Муҳаммад Ҷасим (дақиқаи 25-ум) ва Талал Алӣ Алнор (дақиқаи 26-ум) заданд. Ду голи дигарро Муҳаммад Ҷасим дар нимаи дувуми дидор, дар дақиқа 81-ум ва Сайид Аҳмад Муҳаммад дар дақиқаи 88-ум ба самар расонданд.

Бояд гуфт, ки дар дақиқаи 50-ум сардовари ин бозӣ Нивон Робеш Гаминӣ аз Шри-Ланка барои дар ҷаримагоҳ зада аз по афтондани рақибаш бозигари дастаи Молдив Солеҳ Маҷданро аз бозӣ хориҷ кард ва пеналтӣ таъин намуд. Вале Абдулазиз Халид, бозигари мунтахаби Баҳрайн, аз ҷаримаи 11-метра истифода карда натавонист. Тӯби задаи ӯро дарвозабони мунтахаби Молдив Маиш Муҳаммад баргардонд. Инчунин дар дақиқаи 90+3 бозигари мунтахаби Баҳрайн Талал Алӣ Алнор барои муноқиша бо рақибаш корти сурх гирифт.

Шоми ҷумъа соати 18:00 бозӣ миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Ироқ баргузор мешавад.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, мухлисон ҳамаи бозиҳои сабқати интихобии қаҳрамонии футболи Осиё-2016 байни ҷавонони синашон зери 19-соларо дар гурӯҳи «F» дар Душанбе ройгон тамошо мекунанд.

Бозиҳои ин мусобиқаро, ки дар Душанбе то 6 октябр идома меёбад, чаҳор довари ФИФА – Пратап Сингх (Ҳиндустон), Алӣ Шаъбон (Кувайт), Нивон Робеш Гаминӣ ва Ашантха Приядхаршана Диас Понхен Хадига (ҳарду – Шри-Ланка), инчунин панҷ ёвари довари ФИФА – Санҷива Премалал Веллабада, Иран Удаякантха Локу Кастходаҷе, Параккрама Хематхунга Дени Гедара Палитха (ҳама – Шри-Ланка), Алӣ Беҳзод (Кувайт) ва Абдулло Ал-Шаммахӣ (Умон) ҳакамӣ мекунанд.

Нозири доварон Исмоил Иброҳим Сафирӣ аз Эрон, комиссарони бозиҳо Муҳаммад Сайфуддин Бин Абу Бакар (Малайзия) ва Солеҳ Абдулло Муҳаммад Ал-Форсӣ (Умон) мебошанд.

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2016 дар гурӯҳи “F” дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо дастаҳои Ироқ (2 октябр), Баҳрайн (4 октябр) ва Молдив (6 октябр) рақобат мекунад. Бозиҳо бо ширкати мунтахаби Тоҷикистон соати 18:00 шурӯъ мешаванд.

Қисми ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё байни бозигарони синашон зери 19-сола соли 2016 дар Баҳрайн барпо мегардад. Ба даври ниҳоӣ ғолибони 10 гурӯҳи интихобӣ ва 5 мунтахаб аз рӯи беҳтарин нишондодҳо байни тимҳои ҷойҳои дувумро ишғолкарда роҳ меёбанд.

Агар мунтахаби ҷавонони Баҳрайн дар гурӯҳи “F” мақоми аввалро касб кунад ва ё дар байни панҷ дастаи беҳтарини ҷойҳои дувумро ишғолкарда ҷойгир шавад, он гоҳ дастаи беҳтарини шашум аз ҳисоби тимҳои ҷойҳои дувумро ишғолкарда шонздаҳумин ширкаткунандаи чемпионати Осиё-2016 мешавад.

Тақвими бозиҳои гурӯҳи «F»:

Даври 1-ум

2 октябр (ҷумъа)

15:00 – Баҳрайн – Молдив – 4:0

18:00 – Ироқ – Тоҷикистон

Даври 2-юм

4 октябр (якшанбе)

15:00 – Молдив – Ироқ

18:00 – Тоҷикистон – Баҳрайн

Даври 3-юм

6 октябр (сешанбе)

15:00 – Ироқ – Баҳрайн

18:00 – Молдив Тоҷикистон

XS
SM
MD
LG