Пайвандҳои дастрасӣ

Шаҳрвандони Қазоқистон дар хориҷ сарфакор шудаанд


Дар шаш моҳи аввали соли 2015 шаҳрвандони Қазоқистон дар хориҷи кишвар 97 миллиард танга ва ё 540 миллион доллари ИМА сарф кардаанд. Бештар аз ҳама шаҳрвандони Қазоқистон бо истифода аз кортҳои бонкӣ барои харидории маҳсулот ва истифода аз хадамот дар Русия, Бритониё ва ИМА маблағ сарф кардаанд. Ин оморро мудири иҷроияи Казкоммертсбанк Нурлан Жагипаров зимни ироаи иттилоъ дар бораи харҷҳои муштариёни бонк хабар дод.

Ба гуфтаи вай, Қазоқистон аз рӯйи нишондоди маҳбубияти сайёҳон дар ИДМ баъд аз Русия, Украина ва Гурҷистон ҷои чаҳорумро гирифтааст. Ҳадафи асосии сафари хориҷиён ба Қазоқистон роҳандозии тиҷорат буда, дар навбати худ шаҳрвандони Қазоқистон бештар мехоҳанд ба Русия, Италия, Туркия, Фаронса, Таиланд, Испания ва Олмон сафар кунанд.

XS
SM
MD
LG