Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Бишкек "террорист"-и эҳтимолӣ боздошт шуд


Кумитаи амнияти милии Қирғизистон 2 октябр ба матбуот хабар додааст, ки як нафарро ба эҳтимоли омодагӣ ба амали террористӣ дар Бишкек боздошт кардаанд.

Дар расонаҳои хабарии маҳаллии Қирғизистон хабарҳо чоп шудааст, ки ин бозоштшуда дар дохили сохтмони бинои нав бо номи “"Ала-Тоо" аз аслиҳа истифода кардааст. Амалиёти махсуси боздошти вай ним соат давом кардааст.

Дар Қирғизистон 4 октябр интихоботи порламонӣ баргузор мешавад. Дар остонаи ин интихобот нируҳои амниятӣ ва ниҳодҳои дигари интизомӣ тақвият ёфтаанд.

Ҳукумат борҳо изҳор доштааст, ки онҳо аз талошҳои ба ҳам задани суботи вазъ дар ҷараёни интихобот нигарон ҳастанд.

XS
SM
MD
LG