Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ибодӣ мегӯяд, ҳамлаҳои Русия дар Ироқро "қабул мекунад"


Ҳайдар Ибодӣ
Ҳайдар Ибодӣ

Ҳайдар Ибодӣ-нахуствазири Ироқ мегӯяд, ки вай ҳамлаҳои нируҳои ҳавоии Русияро қабул дорад, агар Маскав чунин пашниҳодро ба Ироқ матраҳ кунад, вале то ҳол аз ҷониби Русия чунин пешниҳод нарасидааст.

Ҳайдар Ибодӣ ин пешниҳодро 1 октябр дар мусоҳибае бо шабакаи телевизионии France 24 ба миён ниҳод. Вай гуфт: “Агар ба мо пешниҳод диҳанд, мо онро баррасӣ мекунем”. Абадӣ ёдоварӣ кард, ки вай бо Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия тамос нагирифтааст.

1 октябр Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷаи Русия гуфт, кишвараш ба нақша нагирифтааст, ки ҳамлаҳои ҳавоии кишварашро дар Ироқ ҳам анҷом диҳад, вале агар Ироқ даъват кунад, ин корро хоҳад кард.

Ҳайдар Ибодӣ гуфт, вай тааҷҷуб мекунад, ки ҳоло ҳавопаймоҳои Русия дар Сурия на дунболи тундравҳои Давлати Исломӣ мегарданд, балки шӯришиёни мухолифи давлати Сурияро таъқиб мекунанд.

Ба гуфтаи Ҳайдар, ба нафъи Русия хоҳад буд, агар тундравҳои Давлати Исломиро таъқиб кунад, зеро аз Русия бештар аз 2000 нафар дар гурӯҳҳои Давлати исломӣ меҷанганд.

XS
SM
MD
LG