Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳавопаймои низомии Амрико дар Афғонистон суқут кард


Яке аз ҳавопаймоҳои C-130 Hercules
Яке аз ҳавопаймоҳои C-130 Hercules

Мақомоти вазорати дифои Амрико гуфтанд, ки дар Афғонистон ҳавопаймои борбари низомии C-130 ба замин афтодааст ва дар ин ҳодиса 11 нафар кушта шудаанд. 6 нафари онҳо низомиёни амрикоӣ будаанд.

Ин ҳавопаймо 1 октябр шабона дар наздикиҳои фурудгоҳи Ҷалолобод-вилояти ҳаммарз бо Покистон суқут кардааст. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид-сухангӯи Толибон дар сафҳаи Twitter-и худ дар изҳороте навиштааст, ки ин ҳавопайморо нируҳои Толибон задаанд.

Мақомоти расмии Амрико мегӯянд, ки онҳо ба сабабҳои афтодани ҳавопаймо расидагӣ мекунанд. Браян Трибас-сарҳанги артиши Амрико гуфтааст, ки халабонон ва 5 ғайринизомии қарордодӣ ба ҳалокат расидааанд. Онҳо дар бахши машқу тамринҳои нируҳои НАТО кор мекардаанд.

Ҳавопаймои C-130 Hercules-ро низомиён ҳамаҷониба барои интиқоли ниру ва борҳои вазнин истифода мекунанд. Ин ҳавопаймо дар хатҳои ноҳамвор ҳам нишаста ва ё аз он ба ҳаво бархоста метавонад. Барои ҳамин низомиёни Амрико онро дар минтақаҳои душман низ истифода мекунанд.

XS
SM
MD
LG