Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Узбакистон фоҳишаҳоро низ ба пахтачинӣ ҷалб карданд


Пулиси вилояти Бухорои Узбекистон тасмим гирифтааст, ки занҳои сабукпоро ба ҷамъоварии пахта ҷалб кунад. Танҳо дар ноҳияи Қаракули вилояти Бухоро бештар аз 40 зан боздошт ва ба саҳрои пахта фиристода шудаанд. Дар ин бора афсари бознишастаи пулис, сокини ноҳияи мазкур Асад Саломов хабар додааст.

Ба гуфтаи вай, чунин «амалиёт» дар ноҳияи Аляти вилояти Бухоро анҷом шудааст. Яке аз кормандони пулиси ноҳияи мазкур ба шарти ифшо нашудани номаш, ин хабарро тасдиқ карда, гуфтааст ба хотири нарасидани неру дар саҳрои пахта пулис бо фармони раҳбарият ба боздошти занҳои сабукпо пардохтааст.

Дар Раёсати корҳои дохилии вилояти Бухоро изҳор доштанд, ки «ин амалиёт маҳз алайҳи фоҳишаҳо равона нашудааст, балки ҳамаи онҳоеро фаро мегирад, ки қонуншиканӣ кардаанд». Ба гуфтаи як намояндаи Раёсати корҳои дохилии Бухоро, дар чанд рӯзи охир аз 11 ноҳия ва шаҳрҳои Газлӣ ва Когон наздики 800 қонуншикан ба саҳрои пахта фиристода шудаанд.

XS
SM
MD
LG