Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Сурия амалиёти заминӣ бо ширкати Эрон омода мешавад


Низомиёни Эрон барои пайвастан ба амалиёти бузурги заминӣ дар ҳимоят аз режими президент Башар Асад вориди Сурия шудаанд. Дар ин бора оҷонсии хабарии Reuters бо такя ба сарчашмаҳои худ дар Лубнон хабар дода, мегӯяд, «ҳамлаҳои ҳавоии Русияро дар ояндаи наздик амалиёти заминии артиши Сурия ва иттифоқчиёнаш ҳамроҳӣ хоҳанд кард».

Ҳадафи ин амалиёт бозпас гирифтани минтақаи шимолу ғарби Сурия аст, ки Асад дар ибтидои сол дар ҷанг бо мухолифонаш бохта буд.

Ҳавопаймоҳои Русия рӯзи панҷшанбе ба бомбаборони Сурия, аз ҷумла маҳалли аҳолинишини наздики шаҳри Ҷиср-аш-Шуғур дар вилояти Идлиб дар шимолу ғарби он кишвар, идома доданд.

Қасри сафед: амалкарди Русия дар Сурия метавонад низоъро тӯлонӣ гардонад

Котиби матбуотии Қасри сафед Ҷош Эрнест изҳор дошт, ки агар Русия дар воқеъ зидди гуруҳи тундгарои «Давлати исломӣ» ҷангидан мехоҳад, пас дар амалиёти эътилофи иборат аз 65 кишвар бо сардории ИМА, саҳми созандае ворид мекунад.

Ба гуфтаи Эрнест, анҷом додани малиёти низомии беэҳтиётона ба зидди мухолифони Сурия барои Русия хатарнок аст. Намояндаи ҳукумати ИМА бар ин назар аст, ки амалкарди Русия танҳо ба тӯлонӣ шудани низои мазҳабӣ дар дохили Сурия мусоидат хоҳад кард. «Ин амалкард ҳамчунин метавонад барои Русия гирифтории бештар ба бор орад», - баён доштааст котиби матбуотӣ.

XS
SM
MD
LG