Пайвандҳои дастрасӣ

САҲА аз Остона хост, ки сомонаҳоро боз кунад


Намояндаи САҲА оид ба озодии баён Дуня Миятович мақомоти Қазоқистонро даъват кард, ки дастрасӣ ба сомонаҳои Ratel.kz ва Zonakz.net-ро барқарор намоянд. Вай изҳор дошт, ки маҳдудияти дастрасӣ иқдоми ғайри қобили қабул аст. Зеро монеи иттилоърасонии озод мегардад ва ба озодии матбуот аз андоза зиёд маҳудудият меорад.

Дуня Миятович дар муроҷиати худ ба вазири қазоқ Идрисов ҳамчунин аз маҷаллаи Adam ва сомонаи Nakanune.kz ҳимоят кард.

Аз маҷаллаи Adam тибқи қарорҳои мухталифи додгоҳ мехоҳанд, маблағи ҳаҷман калон - 50 миллион тенге – аз рӯи шикояти генерал-майори амният барои ҳифзи шаъну шафар бирӯёнанд. Идораи маҷалла талош дорад аз болои ин қарор ба додгоҳ шикоят барад. Аммо феълан ба натиҷае нарасидааст. Ҳамчунин маҷалла барои риоя накардани қонуни он кишвар дар бораи забони давлатӣ бо ҳукми додгоҳ ба пардохтани 200 ҳазор тенге маҳкум шудааст.

XS
SM
MD
LG