Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти як ҷавонзани тоҷик барои танфурӯшӣ


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Мақомоти пулис дар шаҳри Шимкент дар ҷануби Қазоқистон тайи се рӯзи амалиёти "Stop-траффик" 5 нафарро бо иттиҳоми даллагӣ ва 20 занро барои танфурӯшӣ дастгир кардаанд. Пулис мегӯяд, барои бори аввал дар байни танфурӯшон якеаш аз Тоҷикистон аст. Ин зан дар навори нашркардаи пулис эътироф мекунад, ки шаҳрванди Тоҷикистон аст ва як сол боз дар маркази вилояти Қазоқистони ҷанубӣ “кор” мекунад. Ҳамаи ин 25 нафар аз яке аз саунаҳои Шимкент, ки соҳибаш ба макони мулоқоти муштариён бо танфурӯшон табдилаш дода буд, дастгир шудаанд. Мақомоти Маркази мубориза бо СПИД дар вилояти Қазоқистони ҷанубӣ мегӯянд, тақрибан 2500 танфурӯши фаъол дар ин минтақаро муоина кардаанд ва дар бадани 42 нафари онҳо ВИЧ – вируси ангезандаи бемории қаттоли СПИД ошкор шудааст.

XS
SM
MD
LG