Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

761 нозири интихоботӣ ба Қирғизистон меоянд


Тафтиши феҳристи номзадҳо
Тафтиши феҳристи номзадҳо

1 октябр Кумиссиюни марказии интихоботии Қирғизистон эълон кард, ки барои назорат бар ҷарёни райдиҳӣ дар интихоботи порламонӣ нозирон аз 70 кишвар меоянд. Ин интихобот рӯзи якшанбе, 4 октябр баргузор мешавад. Дар Кумиссиюни марказии интихоботӣ 611 нозир сабти ном шудаанд.

Бино ба ин хабар, дар Қирғизистон 2 миллиону 761 ҳазору 297 нафар барои ширкат дар интихобот сабти ном шудаанд. Дар хориҷ аз Қирғизистон 26 қитъаи райдиҳӣ боз шудааст ва онҳо аслан дар бинои сафоратхонаҳо ва консулгариҳои ин кишвар мебошанд.

14 ҳизби сиёсӣ барои 120 ҷой дар порламон мубориза хоҳанд кард.

Довталабони аслӣ ҳизби "Ата-Мекен"-и ҷонибдори ҳукумат ва ҳизби мухолифи "Республика - Ата-Журт" мебошанд.

Коршиносон ҳизби нави «Бир Бол»-ро низ аз довталабони курсиҳои порламон медонанд, зеро дар феҳристи номзадҳои онҳо шахсиятҳои машҳури сиёсӣ, яъне вазирони пешин омадаанд.

XS
SM
MD
LG