Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русҳо садҳо коршиноси низомии тоҷикро тарбия кардаанд


Машқи муштараки низомӣ
Машқи муштараки низомӣ

Вазорати дифои Русия ҳамкории сарбозони пойгоҳи 201-и низомии худ дар Тоҷикистонро бо нируҳои мусаллаҳи Тоҷикистон бештар мекунад.

Дар хабари матбуотии Ҳавзаи марказии низомии Русия омадааст, танҳо дар давоми як соли гузашта афсарони рус дар Тоҷикистон садҳо нафар коршиносони низомиро тарбия кардаанд.

Тибқи ин хабар, дар пойгоҳи Русия омодагии ҷангии низомиёни тоҷик идома дорад, онҳо намунаҳои нави аслиҳаву техникаи низомиро меомӯзанд.

амчунин ба онҳо истифода аз ҳавопаймоҳои бесарнишин, фаъолият дар шароити кӯҳистон ёд дода мешавад. Низомиёни Русияву Тоҷикистон дар чаҳочӯбаи Созмони ҳамкории Шонгҳой ва созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ дар размоишҳои муштарак ширкат меҷӯянд.

Воҳидҳои низомии пойгоҳи 201-и Русия дар шаҳрҳои Душанбеву Қурғонтеппа ва Кӯлоб ҷойгиранд.

XS
SM
MD
LG