Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эрон ҳалокшудагони ҳаҷҷро ду баробар бештар медонад


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Эрон шумораи ҳоҷиёни кушташудаи кишвари худро дар талотуми ҳаҷҷ тақрибан ду баробар зиёд эълон кардааст ва гуфтааст, ки дигар ба пайдо кардани ҳоҷиёни гумшуда умед нест.

Идораи ҳаҷҷи Эрон дар изҳороте гуфтааст, ки баъд аз 7 рӯзи ин ҳодисаи фоҷеабор ҳолати ҳоҷиёни ҷароҳатбардошта муайян ва гузориш дода шудааст.

Дар ин изҳорот омадааст, ба эҳтимоли зиёд 464 нафар ҳоҷиён дар талотуми наздикии Макка ба ҳалокат расидаанд. Мақомоти Арабистони Саъудӣ шумораи умумии ҳалокшудагонро 769 нафар нишон додаанд.

30 сентябр раҳбари рӯҳонии Эрон ба арабистони Саъудӣ ҳушдор дод, ки агар ҷасадҳои афроди ҳалокшуда ба зудӣ баргардонида нашавад, тадбирҳои «ҷиддӣ» хоҳад андешид.

XS
SM
MD
LG