Интизор меравад, ки низомиёни Русия ва Амрико барои пешгирӣ аз задухурдҳои ногаҳонӣ дар Сурия бо якдигар машварат кунанд. Ҷон Керрӣ ва Сергей Лавров-вазирони корҳои хориҷаи Амрико ва Русия шабонгоҳи 30 сентябр баъд аз мулоқот дар ҳошияи иҷлоси Маҷмаи умумии СММ дар Нию Йорк дар ин бора изҳорот доданд.
Ба гуфтаи Ҷон Керрӣ, ин машваратҳо 1 октябр баргузор мешаванд. Баъд аз оғози ҳамлаҳои ҳавоии Русия ба мавозеи тундравҳои Давлати Исломӣ дар Сурия хатари даргириҳои ногаҳонӣ миёни нируҳои эътилофи зери фармондеҳии Амрико ва нируҳои Русия бештар шудааст.
Русия гуфт, ки ба ҳадафҳои гурӯҳҳои Давлати Исломӣ зарба задааст, вале мақомти расмии Амрико ва мухолифони Сурия мегӯянд, ки ин минтақаҳо дар дасти гурӯҳҳои Давлати Исломӣ набудааст.
Ҷон Керрӣ, ки дар давоми ин ҳафта се бор бо Лавров мулоқот кардааст, мегӯяд, ки Русия ба мавозеи рақибони ислоҳталаби Башор Асад зарба задааст. Амрико аз рақибони Башор Асад ҷонибдорӣ мекунад.
Эътилофи миллии Сурия мегӯяд, ки дар ин ҳамлаҳои ҳавоӣ дар Ҳумс 36 нафар кушта шудаанд. Дар миёни онҳо 5 кӯдак низ будааст.