Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон мегӯяд, ки неругоҳ сабаби хушкӣ намешавад


Узбекистон чанде пеш дигарбора зидди сохтмони неругоҳҳои бузург изҳори назар кард ва гуфт, амалишавии чунин лоиҳаҳо дар Осиёи Марказӣ метавонад хушкиро ба бор орад ва ба иллати хушкӣ минтақа ноором хоҳад шуд.

Вазири корҳои хориҷии Узбакистон Абдулазиз Комилов дар саммити СММ оид ба устувории рушд гуфт: “Мо ба садҳои азиме, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон сохтан мехоҳанд, иҷоза намедиҳем. Ҳангоми амалигардонии ин лоиҳаҳо мушкилии таъмини миллионҳо нафар бо об дучанд мешавад. Мо пайдоиши таҳдиди экологиро низ аз эҳтимол дур намедонем. Аз ҳамин хотир тарҳҳои сохтмони неругоҳҳои обӣ дар минтақа бояд аз экспертизаи байналхалқӣ гузаранд”.

Қирғизистон барои посух гуфтан таъхир накард. Раҳбари ҳайати Қирғизистон, вазири корҳои хориҷии он кишвар Эрлан Абдилдаев хабар дод, ки камшавии захираи обҳои соф аз пешгӯии олимон тафовут дорад. Об на танҳо боиси дигаргунии гуманитариву экологӣ хоҳад буд, балки дигаргунии иқтисодиро ҳам ба бор хоҳад овард. Аз ин рӯ Қирғизистон даъват мекунад, ки захираҳои об бо сарфакорӣ истифода шавад.

“Устуворӣ ва иқтисоди “сабз” танҳо ба рушди гидроэнергетика мусоидат мекунад. Мо набояд захираҳои об ва гидроэнергетикаро аз ҳам ҷудо намоем”, - илова кардааст вазири хориҷаи Қирғизистон.

Ёдрас мешавем, ки ҷониби Узбекистон мухолифи сохтмони неругоҳи обии Қамбарота-1 дар Қирғизистон ва Роғун дар Тоҷикистон аст. Узбекистон бори аввал нест, ки дар робита ба сохтмони неругоҳҳо ба созмонҳои байналхалқӣ муроҷиат мекунад ва ин мавзуъро ҳамеша дар саммити СММ зикр менамояд. Коршиносони қирғиз бар ин боваранд, ки Узбекистон дар мавриди сохтмони неругоҳ маълумоти ғалат дарёфт мекунад. Баъд аз бунёди Қамбарата-1 сатҳи об дар дарёи Нарин коҳиш нахоҳад ёфт ва афроде, ки дар соҳили он дарё сукунат доранд, аз хушкӣ ранҷ нахоҳанд бурд.

XS
SM
MD
LG