Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Узбекистон намоиши сериали ҳиндиро манъ мекунанд


Маркази мониторинги ВАО-и Оҷонсии нашр ва иттилооти Узбекистон сериал ё силсилафилми истеҳсоли Ҳиндустон “Танҳо ту – азизи ман”-ро, ки тариқи шабакаи “Ешлар” (Ҷавонон) намоиш дода мешавад, ғайри қобили намоиш донистааст.

н филм баъд аз шикояти чандинкаратаи раисони кумитаҳои маҳаллаҳо ва анҷом додани таҳқиқоти мутахассисони Марказ ғайри қонунӣ унвон шудааст.

Ин силсилафилм, ки миёни мардум бо номи “Ишана” маъруф аст дар Ҳиндустон сабт шудааст. Дар назари аввал чунин менамояд, ки филм дар бораи ишқ ҳикоят мекунад. Аммо мақомоти Узбекистон бар ин назаранд, ки муҳтавои филм ба ахлоқ, анъанаҳои миллӣ ва арзишҳои хонаводагии мардуми узбек мухолиф аст.

Сарфи назар аз танқиди филм, дар сартосари Узбекистон маҳбубияти он меафзояд. Волидон ба фарзандонашон номи қаҳрамони филм Ишаниро мегузоранд, сарояндагон сурудҳои филмро бозхонӣ мекунанд ва хонандагони макотиб акси қаҳрамонони филмро руи дафтарҳояшон ширеш менамоянд.

XS
SM
MD
LG