Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Китобҳои дарсии қазоқии дорои “Қрими Русия” ислоҳ карда мешаванд


Вазорати маориф ва илми Қазоқистон нашриёти “Мектеп”-ро вазифадор кард, китоби дарсии ҷуғрофиёро, ки “Қримро ҷузъи Русия” донистааст, таҳрир намояд, хабар додааст маркази матбуоти вазорати маорифи Қазоқистон.

Дар идома гуфта мешавад, ки Кумитаи назорати маориф ва илми вазорати мазкур бо баргузории як ҷаласа эътирози Украина дар мавриди ҷузъи Русия хондани Қримро баррасӣ кардааст.

Комиссия хулоса кардааст, ки ҷузъи Русия хондани Қрим дар китобҳои дарсии синфҳои 10 ва 11, ки нашриёти “Мектеп” онро ба нашр расонидааст, бидуни ризояти вазорат анҷом шудааст.

Ёдрас мешавем, ки қаблан сафорати Украина дар Қазоқистон ба вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон бо нотаи эътирозӣ муроҷиат кард. Ин нота дар пайи ҷузъи Русия хондани нимҷазираи Қрим ба вазорат равона шуд. Сафорати Украина гуфтааст, паҳн кардани чунин маълумот ҳам ба мавқеъгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳам ба мавқеъгирии раҳбарияти Қазоқистон, ки борҳо тамомияти арзии Украинаро эътироф кардааст, мухолиф мебошад.

XS
SM
MD
LG