Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати Тоҷикистон дар размоиши "Нерушимое братство - 2015"


Тоҷикистонро дар дуввумин размоиши муштараки неруҳои посдори сулҳи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) дар Арманистон, як взводи махсуси қушунҳои зудамали Вазорати дифоъ намояндагӣ мекунад.

Масъулони Вазорати дифои Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи 1 октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки "низомиёни тоҷик дар размоиши "Нерушимое братство - 2015", ки дар маркази таълимии “Баграмян” –и Арманистон, ки рӯзи гузашта оғоз шуд, ширкат доранд."

Созмондиҳандагони размоиш мегӯянд, дар ҷараёни он, ки муддати панҷ рӯз ва дар се марҳала анҷом мешавад, маҳорату малакаи нерӯҳои посдори сулҳи СПАД дар заминаи ҳифзи рӯзмараи суботу оромӣ ва ҳамчунин, мудирияти ҳайати неруҳои посдор ба намоиш гузошта мешавад.

Бад ин тартиб, дар ин размоиш бар иловаи низомиёни тоҷик, неруҳои мусаллаҳи Қазоқистону Қирғизистон, Арманистону Булорус ва Русия ширкат мекунанд ва интизор меравад, ки ҳайтаи раҳбарии СПАД ва мақомоти низомии кишварҳои узви ин созмон ширкат дар марҳалаи поёнии он ширкат хоҳанд кард.

Зимнан, бино ба иттилои дабирхонаи СПАД, барузории ин гуна размоишҳо дар чорчӯби ҳамоҳангии нерӯҳои вокуниши сареъи ин созмон аз соли 2009 то кунун дар қаламрави ҳар кишвари узви он сурат мегирад.

СПАД 15-уми майи соли 1992 ташкил шуда буд ва соли 2012 бистумин солгарди худро баргузор кард. Ҳоло баъд аз хуруҷи Ӯзбакистон дар соли 2011 дар созмон 6 кишвар -- Арманистону Беларус, Қазоқистону Қирғизистон ва Русияву Тоҷикистон узвият доранд.

XS
SM
MD
LG