Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нашри шарҳи ҳоли Бузургмеҳр Ёров дар торнамои ВКД


Торнамои Вазорати корҳои дохилӣ зери сарлавҳаи “Хислатномаи Ёров Бузургмеҳр Равшанович” овардааст, “ Ёров Бузургмеҳр Равшанович, таввалудаш 9-уми июли соли 1971, зодаи ноҳияи Сурхандарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ноҳияи И.Сомонӣ, кӯчаи М.Миршакар-66 «а» мебошад.

Падараш - Ёров Равшан соли 1941, дар ноҳияи Оби Гарми Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Модараш - Исҳоқова Ҳуриниссо соли таваллудаш 1945, дар ноҳияи Сурхандарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон таваллуд шудааст. Бо ҳамроҳии ӯ дар оилаашон 5 нафар фарзанд мебошанд.

Соли 1989 ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба бахши ҳуқуқ дохил шуда, аз курси чорум, барои дағалона вайрон намудани интизом, ба шӯъбаи ғоибонаи Донишгоҳи мазкур гузаронида мешавад.

1-уми июли соли 1993 бо Фармони Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ба сифати муфаттиши шӯъбачаи тафтишотии ШКД-и ноҳияи Октябри (И.Сомонии) шаҳри Душанбе таъин карда шудааст. Рутбаи аввалини Ёров Б.Р. «лейтенанти хурди милитсия» 13 сентябри соли 1993 ва рутбаи дигари навбатӣ, «лейтенанти милитсия» 20 ноябри соли 1996 ба ӯ дода шудааст.

Ба Ёров Б. барои қасдан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод кардани шаҳрванд Назаров бо Фармони ШКД ноҳияи Октябри шаҳри Душанбе, таҳти №20 аз 5-уми марти соли 1994 «Танбеҳи қатъӣ» эълон карда шудааст.

Бо Фармони Раёсати корҳои дохилии Ҳукумати шаҳри Душанбе таҳти №9 аз 26.01.с.1997 лейтенанти милитсия Ёров Бузургмеҳр Равшанович муфаттиши шӯъбачаи тафтишотии Шӯъбаи корҳои дохилии Ҳукумати ноҳияи Октябри шаҳри Душанбе, барои дағалона вайрон намудани интизоми хизматӣ аз вазифаи ишғолкардааш озод карда шуда, ба ихтиёри кадрҳои Раёсати мазкур гирифта шуд.

31 августи соли 1997, барои дағалона вайрон кардани меъёрҳои Қонуни мурофиавӣ-ҷиноятӣ ва талаботҳои Фармони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №82 аз 26.02.с.1993 «Дар бораи тартиби қабул, бақайдгирӣ, баҳисобгирӣ ва баррасии ариза, иттилоот ва дигар маълумотҳо оид ба ҳодиса ва ҷиноятҳо дар мақомоти корҳои дохилӣ», яъне ғайриқонунӣ баровардани қарор дар бораи қатъ кардани парвандаи ҷиноятии дар истеҳсолоташ буда, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намудани айбдоршаванда дар ҷинояти «одамкушӣ», Прокуратураи ноҳияи Октябри (И.Сомонии) ш.Душанбе нисбати Ёров Б.Р. парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, ӯ аз мақомоти корҳои дохилӣ хориҷ карда мешавад”.

XS
SM
MD
LG