Пайвандҳои дастрасӣ

Нируҳои Русия дар Сурия ҳамларо шуруъ кардаанд


Русия мегӯяд, ки ҳавопаймоҳои ҷангиаш дар Сурия ба мавозеи тундравҳои Давлати Исломӣ зарба мезананд. Игор Конашенков-сузхангӯи вазорати дифои Русия гуфт, ба ҳадафҳои Давлати Исломӣ, ба техникаи низомии онҳо ҳамла кардаанд.

Як манбаи амниятии Сурия гуфтааст, ки ҳавопаймоҳои низомии Русия як ҷо бо ҳавопаймоҳои режими Башор Асад дар вилоятҳои Ҳумс, Лазиқия ва Ҳамо мавозеи Давлати Исломиро ба оташ кашидаанд.

Ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои Русия дар Сурия дар ҳоле анҷом мегирад, ки Шӯрои Федератсия маҷлиси болоии порламони Русия истифодаи нируи ин кишвар дар хориҷ аз Русияро ба тасвиб расонд. Ин қонун акнун ба Владимир Путин иҷоза хоҳад дод, ки вай нируҳои Русияро дар Сурия мустақар кунад.

Бори аввал порламони Русия дархости Путинро дар бораи истиқрори нируҳои ин кишвар дар хориҷ аз Русияро ба тасвиб расонда буд. Дар асоси ин қонун нируҳои Русия нимҷазираи Қрими Украинаро дар аввали соли 2014 ба тасарруфи худ дароварданд.

XS
SM
MD
LG