Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бозбинии мушкилоти сафари донишҷуёни тоҷик ба Русия


Сафорати Русия дар Тоҷикистон мегӯяд, Хадамоти муҳоҷират ва Вазорати хориҷаи ин кишвар наҳваи бозбинии манъи вуруди Донишҷуёни тоҷикро, ки наметавонанд дубора вориди қаламрави Русия шаванд шурӯъ кардааст.

Дафтари матбуоти Сафорати Русия дар Тоҷикистон, рӯзи 30 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ин ду ниҳод механизми фаврии баррасии санадҳои донишҷуёнеро,ки барои идомаи таҳсил дубора мехоҳанд вориди қаламрави Русия шаванд, мушаххас кардааст ва ба донишҷуёни тоҷик машварат дода шудааст, ки мустақиман ба намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Русия дар Тоҷикистон муроҷиат ва санадҳои худро пешниҳод кунанд.

Дар ин замина, дар мулоқоти хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистону Русия дар шаҳри Маскав тавофуқ ҳосил шудаст.

Ин манбаъ гуфт, бо шурӯъи баррасии муроҷиати донишҷуёни тоҷик барои иҷозаи дубораи сафар ба Русия 94 донишҷӯ ариза пешниҳод карда ва 84 нафари онҳо посухи мусбат гирифтаанд.

Соли 2014 зиёда аз 200 донишҷӯи тоҷик аз қаламрави Русия ихроҷ шуда, баъд аз талошҳои зиёд дубора иҷозаи вуруд гирифта буданд. Дар ҳоли ҳозир бар пайи омори расмӣ ҳудуди 50 донишҷӯйи тоҷик талоши вуруди дубора ба Русияро доранд.

Ба қавли мақомоти тоҷик, донишҷӯёне, ки ихроҷ шудааанд, ҳангоми ворид ба қаламрави Русия маъмулан худро ҳамчун донишҷӯ сабти ном намекунанд. Ё баъзеи онҳо тариқи Русия ба кишварҳои дигар барои таҳсил мераванд ва инро дар корти муҳоҷират зикр намекунанд. Бо ин далел дар сурати вайрон кардани оддитарин қоидаи ин кишвар ихроҷ мешаванд.

Гуфта мешавад, дар ҳоли ҳозир ҳудуди 7 ҳазору 700 шаҳрванди Тоҷикистон дар донишгоҳҳои Русия дар риштаҳои гуногун таҳсил менамоянд. Абдуфаттоҳ Одинаев, муовини сардори Раёсати муносибатҳои байнулмилалии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, дар моҳи гузашта дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, наздики панҷ ҳазор шаҳрванди кишвар дар донишгоҳҳои Русия ба таври буҷавӣ таҳсил мекунанд.

Ба қавли масъулони Вазорати маорифи Тоҷикистон онҳое, ки дар донишгоҳҳои Русия таҳсили илм мекунанд, маъмулан бар асоси шартномаи Тоҷикистону Русия мераванд.

XS
SM
MD
LG