Пайвандҳои дастрасӣ

Фурудгоҳи Кӯлоб барои пазироии ҳавопаймоҳои гаронвазни тӯли қаноташон то 50 метр омодагӣ мебинад. Қурбон Сафаров, муовини раиси фурдугоҳи Кӯлоб рӯзи 30-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, барои тармими ҷои исти тайёраҳо 76 миллион сомонӣ ҷудо шудааст. Ба гуфтаи Сафаров, ҳудуди фурудгоҳ низ васеътар карда мешавад.

Аммо як манбаъ аз мақомоти интизомӣ гуфт, фурудгоҳи Кӯлобро аслан ба хотири парвози ҳавопаймоҳои ҳарбӣ бозсозӣ мекунанд. Ӯ гуфт, дар ҳоле ки ҷангиёни Толибон дар Афғонистон пурқувват мешаванд, аз нигоҳи мавқеияти ҷуғрофӣ дар сурати марзшикании толибон аз ин фурудгоҳ ҳавопаймоҳои ҳарбӣ ба парвоз медароянд. Ба гуфтаи ин манбаъ, дар ғайри сурат фурудгоҳи Кӯлоб ба фуруд омадани ҳавопаймоҳои гаронвазн ниёзе надорад, зеро на аз хориҷ ба ин шаҳр маҳсулоти зиёд ворид мешавад ва на аз ин шаҳр ба хориҷ маҳсулоти гаронвазн содир мешавад.

Аммо Қурбон Сафаров гуфт, нақшаи таъмири фурудгоҳ замоне таҳия шуда буд, ки ҳеҷ ҳарфе дар бораи Толибон вуҷуд надошт. Ба гуфтаи ӯ, ин таъмири маъмулист, ки ҳар як фурудгоҳи байналмилалӣ анҷом медиҳад.

Фурудгоҳи Кӯлоб ҳанӯз замони Шӯравӣ дар соли 1977 дар каноре аз шаҳри Кӯлоб бунёд шудааст. Соли 1998 ба ин фурудгоҳ мақоми байналмилалӣ дода шуд.

Давоми солҳои 2000 то 2001-ум аз ин фурудгоҳ нерӯҳои Эътилофи шимол бо раҳбарии Аҳмадшоҳи Масъуд истифода мебурданд. Баъди оғози амалиёти ҷаҳонии зиддитеррор дар Афғонистон Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон изҳор дошт, ки барои мубориза бо тероризм омодааст, яке аз фурудгоҳи Тоҷикистон, аз ҷумла фурудгоҳи Кӯлобро дар ихтёири нерӯҳои эътилоф гузорад. Аммо дар ниҳоят Амрико пойгоҳи Манаси Қирғизистонро ба иҷора гирифт. Баъдан, моҳи марти соли 2013 дар як нишаст дар Вашингтон сафири вақти Амрико дар Тоҷикистон Франклин Ҳаддл иқрор кард, ки чунин қароре миёни Амрико ва Тоҷикистон вуҷуд дошт, аммо дар охирин лаҳза Душанбе аз тасмимаш даст кашид.

XS
SM
MD
LG