Пайвандҳои дастрасӣ

Узви Ҷамоати Таблиғ 3 сол маҳкум ба зиндон шуд


Дар Қазоқистон додгоҳи шаҳри Темиртау як сокини маҳаллиро барои узвият дар созмони мамнуи исломӣ се сол маҳкум ба зиндон кард. Сухангӯи додгоҳи вилояти Қарағанда 30 сентябр гуфт, ки

Оразбек Аракашев барои узвият дар гурӯҳи Таблиғи Ҷамоат гунаҳгор дониста шудааст.

Бино ба гуфтаи ин манбаъ, Аракашев ба таври фаъол дар фаъолиятҳои ин гурӯҳи мамнуъ дар шаҳрҳои Лоҳур ва Карочии Покистон ширкат доштааст.

Таблиғи Ҷамоат ҷунбиши мазҳабист ва соли 1926 дар Ҳиндустон чун созмони зиддиҷангӣ ва ғайрисиёсӣ ташкил шуда буд. Вале дар солҳои охир дар Қазоқистону Русия ва Тоҷикистону Узбакистон фаъолияти он мамнуъ эълон шуд.

Ин гурӯҳ соли 2011 дар шаҳри Оқтеппа ё Актюбеи Қазоқистон бори аввал бамгузории маргталабона анҷом дод.

XS
SM
MD
LG