Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ним миллион гуреза ва муҳоҷир вориди Аврупо шудаанд


Ба иттилои дафтари паноҳандагони Созмони Милал, дар соли ҷорӣ ба Аврупо зиёда аз ним миллион гуреза ва муҳоҷир ворид шудааст. Бештари онҳо – аз Сурия ҳастанд. Ин шумора ду баробар зиёдтар аз соли 2014 аст.

Созмони ҷаҳонии муҳоҷират мегӯяд, танҳо бо роҳи обӣ ба Аврупо 522 ҳазору 124 нафар ворид шудаанд, ки 388 ҳазор нафари онҳо худро ба Юнон расондаанд. Тақрибан 2 ҳазору 980 нафаре, ки талош доштанд, бо роҳи обӣ ба Иттиҳоди Аврупо расанд, фавтида ё беному нишон шудаанд.

Аз оғози ҷанг дар Сурия дар соли 2011, наздики 4 миллион нафар талош кардаанд, ки кишварро тарк намоянд. Зиёда аз 7 миллион нафари дигар гурезаи дохилӣ шудаанд.

Вақтҳои охир миёни кишварҳои Иттиҳоди Аврупо дар бобати шеваҳои ҳалли буҳрони муҳоҷират нофаҳмиҳо сар задаанд.

XS
SM
MD
LG