Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Савченко: “Ман ба танзими оташи тӯпхона ҳатто наздик нашудаам”


Хидматчии ҳарбии украинӣ Надежда Савченко, ки ба даст доштан дар хабарнигори Русия муттаҳам дониста мешавад, гуфт, аз марги хабарнигороно замоне огаҳ шуд, ки дар асорати ҷудоихоҳон буд.

Дар ин бора вай рӯзи сешанбеи 29 сентябр дар додгоҳи шаҳри Донетски вилояти Ростови Русия, ки парвандаашро баррасӣ мекунад, изҳор дошт. Ҳангоми муҳокима гирдиҳамоие бо тарафдории Савченко доир шуд.

“Ман ҳатто ба танзим ва таъмини оташкушоӣ наздик нашудаам. Танҳо коре ки ман кардам, ба одамони худамон тамос гирифта, гуфтам, ки роҳҳоро оташборон накунанд, зеро барои худамон даркор хоҳанд шуд. Ман на аз миномет тир кушодаам ва на аз силоҳҳои дигар”, - баён доштааст ҳавонаварди украинӣ.

Ба гуфтаи вакили дифоъ Николай Полозов, имрӯз 30 сентябр Савченкоро як бозпурсии дигар интизор аст. Қаблан додгоҳ дархости ӯро барои истифодаи дастгоҳи дуруғсанҷ дар бозпурсӣ карда буд. Додгоҳ барои чунин қарори худ далел овард, ки чунин тарзи бозпурсӣ дар қонунгузории Русия пешбинӣ нашудааст.

XS
SM
MD
LG