Пайвандҳои дастрасӣ

Омодагии ИМА ба амалиёти наҷотдиҳӣ дар Сурия ва Ироқ


Иёлоти Муттаҳида барои роҳандозии амалиёти наҷотдиҳиву ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди Сурияву Ироқ омодагӣ мебинад. Рӯзи сешанбе 300 низомӣ ва ҳавопаймоҳои борбари С-130 дар пойгоҳи ҳарбии ИМА дар Туркия ҷобаҷо карда шуданд.

Бино бар гуфтаи намояндаи Пентагон, дар пойгоҳи ҳарбӣ-ҳавоии Диёрбоқир, ки дар ҷанубу шарқи Туркия дар наздикии сарҳади Сурия ҷойгир аст, чанд чархболи ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳандаи НН-60 ва тайёраҳои ҳарбии борбари С-130, ки барои амалиёти наҷотдиҳӣ мувофиқ ҳастанд, ҷойгир хоҳанд шуд.

Тавре сардори неруҳои фармондеҳии аврупоии ИМА генерал Филип Бридлав хабар дод, ин неруҳо “ба мо кумак мекунанд, ки амалиёти наҷотдиҳии ҳамкорони мо дар эътилоф дар Сурия ва Ироқ ҳангоми зарурат ба таври самаранок анҷом шавад”.

XS
SM
MD
LG