Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар ҳалли низоъ дар шарқи Украина пешрафт ҳосил шудааст


Дар Минск шартномаи деринтизори аз хатти ҷабҳа, ба вижа дар Донбасс дур бурдани аслиҳаи калибраш 100 миллиметр ба имзо расид. Зери ин ҳуҷҷат намояндагони гуруҳи сеҷонибаи корӣ: аз САҲА – Мартин Сайдик, Украина – Леонид Кучма ва аз Русия – Азамат Кулмухаметов имзо гузоштаанд.

Интизор меравад, ки имрӯз, 30 сентябр ҳуҷҷати мазкурро раҳбарони ҷумҳуриҳои эътирофношудаи Донбасс ва Луганск – Александр Захарченко ва Игор Плотнитский ба имзо расонанд.

Созишнома дар бораи ақиб кашидани тӯпхона ва танкҳо аз хатти низоъ дар Донбасс чандин моҳ буд, ки ҳосил намешуд. Акнун САҲА – Созмони амнияту ҳамкории Аврупо – иҷрошавии ин созишномаро аз роҳи тафтиш ва дидбонӣ ба роҳ хоҳад гузошт.

XS
SM
MD
LG