Пайвандҳои дастрасӣ

Видеои тӯйи мансабдор дар Қазоқистон моҷаро ангехт


Вазорати корҳои дохилаи Қазоқистон дар мавриди вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дар Остона дар ҷараёни тӯйи писари як мансабдори баландпояи пулис “таҳқиқи хидматӣ” анҷом медиҳад, хабар доданд дар ВКД.

Манобеи вазоратхона иддао доранд, ки аллакай ронандаи мошини тӯй ва дӯстони ширкаткунанда дар арӯсии писари раиси кумитаи пулиси маъмурии ВКД Бахтиҷон Балташев ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд.

Ин таҳқиқот баъд аз пайдо шудани видеоии ҳаракати корвони мошинҳои ороста дар хиёбони марказии Остона дар шабакаҳои интернетӣ паҳн гашт. Ду мошини ин корвон ақибрӯя ҳаракат карда, бархе аз мошинҳо ба хатти муқобил баромаанд. Ин навори видеоӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои доғеро ба миён овард.

Дар ВКД гуфтанд, ки аз натоиҷи таҳқиқоти хидматӣ ба сурати изофӣ хабар дода мешавад.

XS
SM
MD
LG