Пайвандҳои дастрасӣ

Шаҳрдории Бишкек барои интихобот огоҳӣ гирифт


Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Қирғизистон ба шаҳрдории Бишкек Кубаничбек Кулматов барои дахолаташ ба раванди тарғиботи ҳизбҳои сиёсӣ, ки дар интихоби парлумонӣ ширкат доранд, огоҳӣ эълон кард.

Тибқи иттилои пахшшуда, Кулматов бо вакил аз ҳизби «Ҷумҳурӣ-Ата-Журт» Мирлан Жээнчоров баҳс карда, барномаи он ҳизбро танқид намудааст. Тибқи қонунҳои он кишвар мансабдорон ҳаққи дахолат кардан ба раванди тарғиботро надоранд.

Аъзои Комиссияи марказӣ Жаркин Бапанова низ барномаи ҳизбро шарҳ додааст. Муовини раиси Комиссияи марказӣ Гулнора Ҷурабоева ёдрас шудааст, ки намояндаи Комиссияи марказии интихоботӣ ҳақ надоранд, ба номзадҳо ва баромади онҳоро баҳо диҳанд.

XS
SM
MD
LG