Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Маскав ва Киев аз парвозҳои дуҷониба даст мекашанд


Сарвазири Русия Дмитрий Медведев ба вазорати нақлиёти он кишвар дастур дод, ки нисбати Украина барои мамнуъ эълон кардани парвози ҳавопаймоҳои мусофирбари Русия, иқдомҳои мутаносиб пайдо намояд.

Ҳафтаи гузашта ҳукумати Украина эълон кард, ки аз 1 октябр парвози таёраҳои ширкатҳои русӣ ба Украина, дар навбати аввал «Аэрофлот» ва «Трансаэро» манъ хоҳанд шуд. Сарвазири Украина Арсений Ятсенюк 25 сентябр изҳор дошт, ки парвозҳои транзитӣ метавонанд ба истиснои интиқоли хидматчиёни низомӣ ва силоҳ анҷом дода шаванд.

Қаблан дар моҳи ҷорӣ Киев 25 ширкати ҳавопаймоии Русияро барои хатар доштан ба амнияти Украина ба руйхати сиёҳ даровард.

Муносибатҳои Киев ва Маскав баъд аз гирифта шудани Қрим аз тарафи Русия дар моҳи марти соли 2014 ва пуштибонии Маскав аз ҷудоихоҳони шарқи Украина хеле бад шудаанд.

XS
SM
MD
LG