Пайвандҳои дастрасӣ

Ба сӯи сафорати Амрико коктейли Молотов партофтанд


Сафорати Амрико дар Тошканд

Сафорати Амрико дар Тошканд

Сафорати Амрико дар Тошканд мегӯяд, ки як ҳамлакунандаи номаълум ба сӯи бинои сафоарти Амрико дар Тошканд ду шишаи моддаи таркандаро ҳаво додааст. Ин моддаҳои тарканда бештар бо номи “Коктейли Молотов” маъруфанд.

Дар як ёддошти амниятӣ ба шаҳрвандони Амрико сафорат гуфтааст, ки яке аз ин коктейлҳои Молотов таркидааст, вале касе аз он осеб надидааст.

Сафорат гуфтааст, ки баъд аз ин ҳодиса ҳузури посбонон дар наздди бинои ин намояндагии дипломатӣ афзоиш ёфтааст, вале он дигар баста нест ва кори худро идома медиҳад.

Сафорат афзудааст, ин бор хабаре дар бораи таҳдид ба ҷони шаҳрвандони Амрико ё ба манофеи Амрико мушоҳида нашудааст. Расидагӣ ба ин ҳодиса идома дорад.

XS
SM
MD
LG