Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон гирифтани об аз Тоҷикистонро баррасӣ мекунад


Кӯли Сарез

Кӯли Сарез

Дар порламони Эрон дар ин рӯзҳо пешнвиси қонуне дар бораи воридоти об аз кишварҳои ҳамсоя баррасӣ мешавад. Дар миёни пешниҳодкунандагони ин пешнавис вазорати дифоъ ва пуштибонӣ аз нируҳои мусаллаҳи Эрон низ ҳастанд. Дар ин бора Алӣ Марвӣ-раиси Кумиссиюни энержии Эрон ба матбуот хабар додааст.

Алӣ Марвӣ дар як суханронӣ дар ҳузури мақомоти вазорати кишоварзӣ ва муасссистои дигари марбут ба таъмини об дар Намоишгоҳи байналмиллалии об дар Эрон гуфт, се пешниҳод дар порламон дар ҳоли баррасист: аввал, овардани об аз Тоҷикистон, дуввум, гирифтани об аз Дарёи Хазар ва севвум, гирифтани об аз Халиҷи Умон.

Оқои Марвӣ гуфт, то ҳол дар ин бора тасмими ниҳоӣ гирфта нашудааст, вале беҳтарин пешниҳод пазируфта мешавад. Вай афзуд, вақте ки дар мақоми муовини вазири нафти Эрон кор мекард, ба таври фаъол аз ақидаи овардани об аз Тоҷикистон ҳимоят мекард ва дар ивази об Эрон ба Тоҷикистон газ хоҳад дод.

Ин ақида аз муддатҳо пеш дар Эрону Тоҷикистон баррасӣ мешавад ва соли 2011 ҷониби Эрон бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ин бора санаде ҳам ба имзо расонданд ва хостори тавсеаи ҳамкорӣ дар ин замина шуданд.

Дар Эрон сол то сол захираи об коҳиш меёбад ва ҳоло ин кишвар роҳҳои таъмин бо обро ҷустуҷӯ мекунад.

XS
SM
MD
LG