Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯмаки 270-ҳазордолларии Ҷопон ба Тоҷикистон


Дар Душанбе маросими имзои созишномаҳои муштараки се лоиҳаи навин дар Сафорати Ҷопон баргузор гардид
Дар Душанбе маросими имзои созишномаҳои муштараки се лоиҳаи навин дар Сафорати Ҷопон баргузор гардид

Ҷопон дар чорчӯби Барномаҳои давлати ин кишвар оид ба кӯмакҳои бебозгашт ва амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ (GGP) се лоиҳаро дар бахшҳои мухталиф дар иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ мекунад. Масъулони сафорати Ҷопон дар Душанбе рӯзи сешанбеи 29 сентябр зимни тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки “рӯзи гузашта маросими ба тасвиб расидани созишномаҳои муштараки се лоиҳаи навин дар Сафорати Ҷопон дар Душанбе баргузор гардид, ки ин санадҳоро Такашӣ Камада, сафири Ҷопон ва намояндагони мақомоти пазирандаи кӯмакҳои билоивази Тоҷикистон ба имзо расонидаанд”.

Ба гуфтаи ин масъулон, бад-ин тартиб Ҷопон лоиҳаҳои дастрас намудани техникаҳои кишоварзӣ ва роҳсозӣ ба ноҳияи Ванҷ ба маблағи 90,095 доллар, лоиҳаи беҳтар гардонидани канали обёрӣ дар рустоҳои Хоса ва Миденшори ҷамоати деҳоти Поршиневи ноҳияи Шуғнон бо маблағи 90,110 доллар ва лоиҳаи беҳтаргардонии роҳҳои автомобилгарди қишлоқҳои Хичих ва Синдеви ноҳияи Роштқалъа бо маблағи умумии 90,203 доллари амрикоӣ сармоягузорӣ мекунад. Зимнан, аз соли 1996 то инҷониб, кӯмакҳои бебозгашти давлати Ҷопон барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ 346 лоиҳаро ба маблағи умумии 28 миллион доллари ИМА дар Тоҷикистон ирсол шудааст.

XS
SM
MD
LG