Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама: Сурия ба ҳолати пеш аз ҷанг барнамегардад


Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дар иҷлосияи 70-уми Маҷмаи умумии СММ дар Ню-Йорк бо таъкиди вижа ба Русияву Эрон гуфт, Вошингтон бо ҳамаи кишварҳо дар амри хатми ҷанги Сурия ҳамкорӣ хоҳад кард. Вале Обама таъкид кард, ки вазъ наметавонад ба ҳолати пеш аз ҷанг баргардад. Ӯ раисиҷумҳури Сурия Башор Асадро ҳамчун “мустабид” маҳкум кард ва гуфт, талошҳо алайҳи созмони “Давлати исломӣ” набояд Асадро рӯҳбаланд кунанд. Обама ҳамчунин гуфт, вақте Русия истиқлол ва якпорчагии Украинаро поймол мекунад, ҷаҳон наметавонад бетараф биистад. Ӯ гуфт, Русия бояд роҳи ҳалли ин бӯҳрон ба шеваеро, ки Украина битавонад ояндаашро худаш муайян кунад, бипазирад. Имрӯз Обама дар Ню-Йорк бо раисиҷумҳури Русия Владимир Путин мулоқоти алоҳидае ҳам хоҳад дошт.

XS
SM
MD
LG